Тағйири зиндагии аҳолии деҳот бо дастгирии БРСММ ва Русия

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии корҳо дар доираи лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии аҳолии деҳот дар 9 ноҳияи Тоҷикистон» рӯзҳои 24-25 май аз ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъи ноҳияи Хатлон боздид намуд. Дар маросими ифтитоҳи гармхона дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ, ки дар доираи ин лоиҳа сохта шудааст, сафири Русия […]

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии корҳо дар доираи лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии аҳолии деҳот дар 9 ноҳияи Тоҷикистон» рӯзҳои 24-25 май аз ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъи ноҳияи Хатлон боздид намуд.

Дар маросими ифтитоҳи гармхона дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ, ки дар доираи ин лоиҳа сохта шудааст, сафири Русия Игор Лякин-Фролов, Директори кишварии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Ян Харфст, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода Зариф ва дигарон ширкат варзиданд. 

 

 

 

Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин дар литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ синфхонаи машғулият барои омӯзиши адрасбофӣ низ ифтитоҳ гардида, он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.

 

 

Дастрасии маҳдуд ба техникаи кишоварзӣ мушкилоти асосӣ дардеҳот аст ва тасмим гирифта шуд, ки дар чаҳорчӯби лоиҳа дар назди Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Бародарон-2016»-и ноҳияи Темурмалик пойгоҳи мошиниву тракторӣ ба фаъолият оғоз мекунад.

 

 

Ҳамчунин дар ноҳияи Темурмалик дар назди курсҳои омӯзишии Агентии шуғли аҳолии ноҳия синфхонаи машғулиятҳо оид ба касби кафшергари барқу газӣ барқарор ва бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.