Партоби мушакҳо ба мавзеъҳои ДИ аз киштии зериобии Русия

Киштии зериобии "Краснодар" ва киштии ҷангандаи "Адмирал Эссен"-и Русия, ки дар баҳри Миёназамин қарор доранд, ба мавзеҳои гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар Сурия чаҳор мушаки болдори "Калибр" партоб карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия, мавзеъҳои ДИ дар наздикии шаҳри Полмир, ки онҷо техника ва ҷангҷӯёни гуруҳ ҳузур […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Киштии зериобии "Краснодар" ва киштии ҷангандаи "Адмирал Эссен"-и Русия, ки дар баҳри Миёназамин қарор доранд, ба мавзеҳои гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар Сурия чаҳор мушаки болдори "Калибр" партоб карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия, мавзеъҳои ДИ дар наздикии шаҳри Полмир, ки онҷо техника ва ҷангҷӯёни гуруҳ ҳузур доранд, ҳадафи мушакҳо қарор гирифта, киштии зериобии "Краснодар" аз зери об мушак партоб кардааст.

Гуфта мешавад, ИМА, Туркия ва Исроил пеш аз партоби мушакҳо дар ҷараён гузошта шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Русия дар гузашта ҳадди ақал як маротиба – моҳи декабри соли 2015 ба мавзеҳои ДИ дар Сурия мушаки болдори "Калибр" партоб карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.