Эмомалӣ Раҳмон амали террористӣ дар Кобулро «ғайриинсонӣ ва ваҳшиёна» номид

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Кобул ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, моро дучанд андӯҳгин намуд».

«Мо ин амали ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи террористонро, ки хилофи суннату оинҳои поки дини мубини Ислом мебошад, шадидан маҳкум менамоем», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ба президенти ин кишвар, наздикону пайвандони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Афғонистон ҳамдардиву тасаллияти амиқ изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...