«Истиқлол» беҳтарин дастаи даври гурӯҳии Ҷоми КФО

Қаҳрамони панҷкаратаи футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и пойтахт миёни тимҳои иштирокчии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 аз ҳама бештар имтиёз ба даст овард. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад. Дар гурӯҳи «D»-и даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 тими «Истиқлол» зинаи аввалро ишғол намуд. Дастаи Муҳсин Муҳаммадиев панҷ ғалаба ба даст оварда, танҳо як бозиро […]

Қаҳрамони панҷкаратаи футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и пойтахт миёни тимҳои иштирокчии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 аз ҳама бештар имтиёз ба даст овард. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Дар гурӯҳи «D»-и даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 тими «Истиқлол» зинаи аввалро ишғол намуд. Дастаи Муҳсин Муҳаммадиев панҷ ғалаба ба даст оварда, танҳо як бозиро мусовӣ анҷом дод ва аз тими «Олтин Асир»-и Туркманистон, ки дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад, се имтиёз зиёдтар касб кард.

Миёни ҳамаи 34 тими иштирокчии даври гурӯҳии Ҷоми КФО «Истиқлол» аз ҳама бештар – 16 имтиёз касб карда, зинаи дуюми рейтинги шартиро бо касби 15 имтиёз дастаи «Глобал» (Филиппин) ишғол намуд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Минтақаи марказии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 гардида, ба марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавӣ роҳ ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.