Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Амфитеатри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон чорабинӣ доир мегардад. Ба тамошобинони наврас озмун ва барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад. Оғоз соати 08:00;

– Дар маркази савдои «Душанбе-молл»( Ашан) ба муносибати Рӯзи ҳифзи кӯдакон шоу-барнома барои кӯдакон баргузор мешавад;

– Дар машқгоҳи ҳарбии «Ҳарбмайдон» дар доираи размоиши «Зиддитеррор-2017» тамринҳои муштараки ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистону Русия ҷараён мегирад;

– Аз 1 июн то 12 июл дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ муҳлати бақайдгирии будубош дар муддати 1 шабонарӯз ҷорӣ мешавад;

– Дар Сочи бозиҳои мусобиқаи байнулмилалии футбол миёни наврасон идома меёбад, ки дар он дастаи Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8200 сомонӣ;

1 евро – 9.8960 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1533 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон.

2009 — Президенти Тоҷикистон фармон «Дар бораи таҷлили ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ»-ро ба имзо расонид, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 30-юми сентябр ҷашн гирифта мешавад.

2011 — Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ»-ро маъқул шуморид.

2012 — Ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон ба пардохти андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% шурӯъ намуданд.

1916-1989 – Мавлуди арбоби давлатӣ, сиёсатмадор Турсун Ӯлҷабоев.

1932 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Абдулло Раҳимов.

1935 — Мавлуди олими бахши кишоварзӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов.

1935 – Зодрӯзи актёр ва коргардони театр Тӯрахон Аҳмадхонов.

1935 – Мавлуди олими бахши кишоварзӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов.

1937 – Зодрӯзи нависанда Раҷабалии Роғӣ.

1940 – Мавлуди коргардони театр Ислом Саломов.

1957-2007 – Зодрӯзи нависанда Саид Ғоиб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +11+16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +22+24.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...