Трамп хостори тамоси бевосита бо роҳбарони ҷаҳон бо телефони худаш шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп рақами телефони ҳамроҳи худро ба як қатор раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дода, пешниҳод кардааст, ки бо ӯ бевосита тамос гиранд. Ин амали Трамп нақзи протоколи дипломатӣ буда, хадамоти махсуси Амрикоро нигарон кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The Washington Post, то ҳол рақамҳои телефони ҳамроҳи Трампро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп рақами телефони ҳамроҳи худро ба як қатор раҳбарони кишварҳои хориҷӣ дода, пешниҳод кардааст, ки бо ӯ бевосита тамос гиранд. Ин амали Трамп нақзи протоколи дипломатӣ буда, хадамоти махсуси Амрикоро нигарон кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The Washington Post, то ҳол рақамҳои телефони ҳамроҳи Трампро президенти Мексика ва сарвазири Канада дарёфт карда, дувумӣ ба воситаи он аллакай тамос гирифтааст. Намояндаи Порис ба нашрия гуфтааст, ки раҳбарони Фаронса ва ИМА низ шумораҳои телефони ҳамроҳи худро ба якдигар додаанд.

Манобеи The Washington Post гуфтаанд, телефони ҳамроҳи Трамп ҳар навъе ҳам бошад ва дар кадом бинои амне суҳбат кунад, хадамоти махсуси дилхоҳ кишвари дӯсту душман метавонад гуфтугӯи ӯро сабт намояд.

Президент Трамп дар маъракаи интихоботӣ рақиби худ аз Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтонро танқид карда буд, ки барои фиристодани ҳуҷҷатҳои хидматӣ аз почтаи электронии шахсӣ ва ноамн истифода кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.