Роҳбарони ду бозори бузурги пойтахт аз мансаб барканор шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барои роҳ додан ба болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон директорони ду бозори бузурги пойтахт аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директорони бозорҳои «Деҳқонбозор» Зиёваддин Наҷмиддинов ва бозори «Шоҳмансур» Саймаҳмуд Муминовро аз вазифаҳояшон озод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ доданд, директорони бозорҳо барои роҳ додан ба хунукназарӣ зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ташкили сусти кори бозор ва ба таври бояду шояд назорат накардан аз болои нархҳо аз мансабҳояшон сабукдӯш шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки Нурулло Алиев ва Суннатулло Назаров директорони нави бозорҳои номбурдаи пойтахт таъин шудаанд.

«Раиси пойтахт назди директрони нав вазифа гузошт, ки таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал аз минтақаҳои кишварро ба роҳ монда, ба болоравии сунъии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ надиҳанд», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорон ваъда дода буданд, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал боло намераванд,иаммо дар рӯзи аввали моҳ арзиши онҳо бамаротиб зиёд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...