Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ЭКСПО дар Остона

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди як ҳафта ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориии Шанхай (СҲШ) ва маросими ифтитоҳи намоиши байнулмилалии ЭКСПО ба шаҳри Остона раҳсипор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳошияи кори нишаст як қатор дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон дар назар […]

asia+, asia+

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди як ҳафта ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориии Шанхай (СҲШ) ва маросими ифтитоҳи намоиши байнулмилалии ЭКСПО ба шаҳри Остона раҳсипор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳошияи кори нишаст як қатор дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон дар назар аст.

СҲШ созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Моҳи июни соли 2016 зимни нишаст дар Ӯзбекистон дар бораи узвияти Ҳидустон ва Покистон ба Созмон ёддошт ба имзо расид.

Айни замон Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозири СҲШ буда, Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарики Созмон мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ЭКСПО-2017-ро ҳукуматдорони Қазоқистон намоиши бузургтарини дастовардҳои техникии ҷаҳон муаррифӣ мекунанд. Намоиш таҳти шиори «Энергияи оянда» доир гардида, ба сарчашмаҳои алтернативии энергия бахшида шудааст. Дар кори намоиши ЭКСПО-2017 иштироки намояндагони беш аз 100 кишвари саросари дунё ва созмонҳои байнулмилалӣ дар назар аст. Шумори пешбинишудаи тамшобинон аз ин намоиш 2-3 млн. нафар арзёбӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.