Роҳбарони ду бозори бузурги пойтахт аз мансаб барканор шуданд

Барои роҳ додан ба болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон директорони ду бозори бузурги пойтахт аз мансабҳояшон барканор шуданд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директорони бозорҳои «Деҳқонбозор» Зиёваддин Наҷмиддинов ва бозори «Шоҳмансур» Саймаҳмуд Муминовро аз вазифаҳояшон озод кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ доданд, директорони бозорҳо барои роҳ додан ба […]

Барои роҳ додан ба болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон директорони ду бозори бузурги пойтахт аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директорони бозорҳои «Деҳқонбозор» Зиёваддин Наҷмиддинов ва бозори «Шоҳмансур» Саймаҳмуд Муминовро аз вазифаҳояшон озод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ доданд, директорони бозорҳо барои роҳ додан ба хунукназарӣ зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ташкили сусти кори бозор ва ба таври бояду шояд назорат накардан аз болои нархҳо аз мансабҳояшон сабукдӯш шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки Нурулло Алиев ва Суннатулло Назаров директорони нави бозорҳои номбурдаи пойтахт таъин шудаанд.

«Раиси пойтахт назди директрони нав вазифа гузошт, ки таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал аз минтақаҳои кишварро ба роҳ монда, ба болоравии сунъии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ надиҳанд», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорон ваъда дода буданд, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал боло намераванд,иаммо дар рӯзи аввали моҳ арзиши онҳо бамаротиб зиёд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.