Тағйироти кадрӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти раҳбарии Агентии назорати мавди нашъаовар дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии мазкур иттилоъ дод, полковник Ҳотам Маҷидзода, ки пеш дар низоми ВКД Тоҷикистон кор мекард, ба вазифаи сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ таъин шудааст. Дар ин мансаб ӯ генерал майор Тӯрабек Назаровро иваз кардааст. […]

Asia-Plus

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти раҳбарии Агентии назорати мавди нашъаовар дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии мазкур иттилоъ дод, полковник Ҳотам Маҷидзода, ки пеш дар низоми ВКД Тоҷикистон кор мекард, ба вазифаи сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ таъин шудааст. Дар ин мансаб ӯ генерал майор Тӯрабек Назаровро иваз кардааст.

Полковник Сабзалӣ Тағойзода, ки ӯ низ қаблан дар низмои ВКД Тоҷикистон фаъолият дошт, сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон таъин шудааст.

Полковник Зафар Сайфуллозода, ки қаблан дар мансаби сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ифои вазифа мекард, сардори Раёсати фаврии зудамали Агентӣ таъин шудааст.

Собиқ сардори яке аз Раёсатҳои АНМН полковник Мирзоравшан Сангинзода ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд таъин шуда, дар ин мансаб ӯ полковник Музаффар Ҳотамиро иваз кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.