Эълони Трамп доир ба хориҷшавии ИМА аз созишномаи Париж

Президент Доналд Трамп хориҷ шудани ИМА-ро аз созишномаи Париж дар бораи мубориза бо гармшавии иқлим эълон кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, зери ин созишнома 22 апрели соли 2015 дар Париж даҳҳо кишваре имзо гузоштанд, ки бо газҳои гулхонаии худ муҳитро олуда мекунанд. Гуфта мешавад, мавқеи ИМА дар робита ба созишномаи Париж бо Сурия ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президент Доналд Трамп хориҷ шудани ИМА-ро аз созишномаи Париж дар бораи мубориза бо гармшавии иқлим эълон кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, зери ин созишнома 22 апрели соли 2015 дар Париж даҳҳо кишваре имзо гузоштанд, ки бо газҳои гулхонаии худ муҳитро олуда мекунанд.

Гуфта мешавад, мавқеи ИМА дар робита ба созишномаи Париж бо Сурия ва Никарагуа ҳамсон аст, ки аз имзои санад худдорӣ карданд.

Зикр мегардад, ки дар Иёлоти Муттаҳида шумори муборизони тағйирёбии иқлим кам набудааст. Ҳатто ширкатҳои ангишт, ки масъули олудагии муҳит дониста мешаванд, ба президент Трамп муроҷиат карданд.

Аз ҳама боҷуръаттар миллиардери амрикоӣ, ҳаммуассиси ширкатҳои маъруфи ҷаҳон Tesla, SpaceX, PayPal ва ҳамзамон мушовири президенти ИМА Илон Маск назари худро баён доштааст.

Ӯ дар посух ба суоли ин ки агар ИМА аз созишномаи Париж хориҷ шавад, чӣ хоҳад кард, гуфтааст, "ба ҷуз хориҷ аз шӯрои назди Кохи сафед, гузинаи дигареро намебинам".

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.