Зиндагии беш аз 664 ҳазор нафар кӯдакон дар сағирхонаҳои кишварҳои пасошӯравӣ

Asia-Plus

Дар саросари ҷаҳон зиёда аз 2,7 млн. нафар кӯдакон дар хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора бо истинод ба Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Хадамоти иттилоотии СММ хабар медиҳад.

«Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатӣ, аз қабили интернату сағирхонаҳо иқомат мекунанд, аллакай осеб дидаанд ва дар он ҷо онҳо метавонанд қурбони хушунату таҳқир қарор гиранд, ки ба рушди иҷтимоиву равонии онҳо таъсир манфӣ мерасонад», – гуфтааст намояндаи ЮНИСЕФ Корнелиус Уилямс.

Дар гузориши нави ЮНИСЕФ доир ба вазъи кӯдакон дар 140 кишвари дунё маълумот дода шуда, муаллифони он хотиррасон мекунанд, ки ҳар як кӯдак ба муҳаббату ғамхории пайвандон ниёз дорад ва набояд дар сағирхона, балки дар оила зиндагонӣ кунад.

Дар саросари дунё дар маҷмӯъ ба ҳар 100 ҳазор нафар кӯдак 120 нафар кӯдак дар сағирхонаҳо рост меояд. Дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, ҳамчунин Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда панҷ барбар зиёдтар аст. Дар ин кишварҳо дар интернат ва хонаҳои кӯдакон 664 ҳазор нафар кӯдакон зиндагӣ мекунанд – аз ҳар 100 ҳазор 666 нафар. Дар ҳамин ҳол, қариб нисфи тарбиятгирандагони интернатҳо дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ин ё он гуна навъи маъюбӣ доранд.

«Мо талош дорем, ки кӯдаконро ба сағирхонаҳо насупурда, дар хона тарбия гиранд, – таъкид доштааст Корнелиус. – Ин бахусус дар марҳилаи барвақтии рушди кӯдак хеле муҳим аст».

Соли 2016 дар Тоҷикистон ба сурати умум 46,2 ҳазор нафар кӯдакони ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 2 ҳазор нафарашон падару модар надоранд.

Ҳамасола даҳҳо нафар  ба хонаҳои кӯдакон супурда мешаванд, вале на ҳамаи онҳо ятимони кулланд. Қисмати асосии онҳоро кӯдаконе ташкил медиҳанд, ки бо ин ё он сабабе волидонашон муваққатан ба тарбияи давлат гузоштаанд.

Ҳамчунин ҳамасола танҳо дар шаҳри Душанбе наздики 200 оила барои ба фарзандӣ қабул кардани кӯдакон навбат мегиранд ва танҳо ба 8 оила муяссар мешавад, ки кӯдакеро фарзанд хонанд. Боқимонда 192 оила боз мунтазир шуда ё бо тарзи ғайриқонунӣ кӯдакро ба фарзандӣ мегиранд.

Охири соли 2015 аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 4 тифл оварда шуда, соли гузашта 54 кӯдак ба ватан баргардонида шуд. Инҳо асосан кӯдаконе мебошанд, ки волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, вале миёни онҳо кӯдаконе низ ҳузур доранд, ки волидонашон дар Русия маҳкум шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...