Мусоидати Ҷопон ба рушди захираҳои башарӣ дар Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Ҳукумати Ҷопон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси амалигардонии барномаи “Лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ” (JDS) дар соли ҷорӣ ба мувофиқа расиданд.

Роҷеъ ба лоиҳаи мазкур 2 июни соли 2017 ҷ-би Ҳаҷимэ КИТАОКА, Сафири фавқуллода ва комилҳуқуқи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷ-би Сироҷидин АСЛОВ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон табодули ёддошт намуданд. Баҳри амалӣ сохтани лоиҳаи мазкур, Ҳукумати Ҷопон тавассути Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 161 миллион Йенаи Ҷопониро ҷудо менамояд.

Ҳадафи барнома дастгирии рушди захираҳои башарӣ, тавассути фиристодани хизматчиёни ҷавони давлатӣ ба донишгоҳҳои Ҷопон барои дарёфт намудани дараҷаи академии магистрӣ ва докторантура, ҳамчунин таҳкими равобит байни Тоҷикистону Ҷопон мебошад.

Интизор меравад, ки стипендиягирандагони JDS маҳорати касбии худро такмил дода дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд. Дар чаҳорчубаи барномаи мазкур имконияти таҳсил барои ҳафт нафар хизматчиёни ҷавони давлатӣ дар курсҳои магистрӣ ва 1 нафар хизматчии ҷавони давлатӣ дар докторантура, ки аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз меёбанд, фароҳам оварда мешавад.

Барномаи рушди захираҳои башарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 шурӯъ гардид. Тибқи гузориш, то кунун 28 нафар стипендиягирандагони ин барнома курсҳои магистриро дар Ҷопон бомуваффақ хатм намуда алъон барои рушди Тоҷикистон фаъолона кору фаъолият пеш бурда истодаанд.   

Биноан, Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Имсол Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ин ду кишварро таҷлил намуданд. Дар ин муддат, ҳамкорӣ миёни Ҷопон ва Тоҷикистон ба пешравии назаррас ноил гардида мустаҳкам гардид.

Дар давоми соли молиявии Ҷопон дар соли 2016, байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои лоиҳаҳои бебозгашт (аз ҷумла лоиҳаҳо оид ба ҳамкории техникӣ) ба маблағи 5,6 миллиард Йени Ҷопонӣ ба имзо расиданд. Бо амалигардонии лоиҳаи зикргардида Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд боз ҳам афзоиш меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...