Дастурҳои ғизои мактабии БОҶ дар Тоҷикистон китоби беҳтарини ҷаҳон

Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ) дар Тоҷикистон дар озмуни ҷаҳонии бонуфузи китобҳо оид ба санъати таомпазии "Гурман" ҳамчун китоби беҳтарини ҷаҳон эътироф гардида, соҳиби ҷоизаи ҷаҳонӣ гардид. Инчунин, маҷмӯаи мазкур дар гурӯҳи “Бехатарии хӯрока” ҳамчун маҷмӯаи беҳтарин пазируфта шуд ва бо ҷоизаи махсуси ҳакамон мукофотонида шуд. Дар ин […]

Иттилоияи расмӣ

Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ) дар Тоҷикистон дар озмуни ҷаҳонии бонуфузи китобҳо оид ба санъати таомпазии "Гурман" ҳамчун китоби беҳтарини ҷаҳон эътироф гардида, соҳиби ҷоизаи ҷаҳонӣ гардид.

Инчунин, маҷмӯаи мазкур дар гурӯҳи “Бехатарии хӯрока” ҳамчун маҷмӯаи беҳтарин пазируфта шуд ва бо ҷоизаи махсуси ҳакамон мукофотонида шуд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 мамлакат бо пешниҳоди зиёда аз 210 китоб ширкат варзиданд,

Маҷмӯаи мазкурро БОҶ СММ дар соли 2016 дар чорчӯбаи Барномаи ғизои мактабӣ, ки фаъолияти бузургтарини БОҶ СММ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, таҳия ва нашр намуд. Тавассути ин барнома, БОҶ СММ ҳамарӯза 370,000 мактаббачагони синфҳои ибтидоиро, ки дар зиёда аз 2000 мактабҳои минтақаҳои дурдаст таҳсил менамоянд, бо  ғизои гарму солим таъмин менамояд.

БОҶ СММ ин маҷмӯаро дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, инчунин Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Русия таҳия намудааст.

“Барои БОҶ СММ дар Тоҷикистон ин эътирофи ниҳоят муҳим ва дастоварди назаррас мебошад. Мо умедвор аз онем, ки ин маҷмӯа бо дастурҳои ғизоии муфид ва гуногуни худ дар оянда баҳри ҷараёни устувори ғизои мактабӣ дар ҷомеаҳои осебпазири минтақаҳои кишвар мусоидат менамояд,” изҳор кард Паоло Маттей, Роҳбари БОҶ СММ дар Тоҷикистон.

Маҷмӯа аз 202 саҳифа иборат буда, 127 дастури ғизои анъанавии халқи тоҷикро дар бар мегирад. Ин дастурҳо дар омода сохтани таомҳои мактабӣ дар мактабҳои Барномаи ғизои мактабӣ истифода бурда мешаванд. Дастурҳои маҷмӯа солим ва гуногун буда, бо назардошти анъанаҳои маҳалӣ ва таркиби соддаву каммасраф таҳия шудаанд.

“Гурӯҳе ки ин китоби муфидро таҳия кардааст, қаҳрамон ҳисоб мешавад,” навишт Эдуарт Гуто, Сардори ҷоизаи ҷаҳонии китобҳо оид ба санъати таомпазии "Гурман".

Озмуни ҷаҳонии китобҳои таомпазии “Гурман” дар соли 1955 таъсис ёфта, дар он тамоми муаллифони китобҳои таомпазӣ ва таҳиягарони барномаҳои телевизионӣ аз саросари ҷаҳон иштирок карда метавонанд. 

БОҶ СММ бузургтарин барномаи башардустонаи ҷаҳонӣ буда, дар саросари ҷаҳон дар доираи мубориза алайҳи гуруснагӣ, кӯмаки озуқаворӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва беҳтар намудани ғизо ва баланд бардоштани устуворнокии ҷомеа фаъолият мекунад. Ба ҳисоби миёна, БОҶ СММ ҳар сол ба зиёда аз 80 миллион нафар дар 80 кишвари дуне кумак мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.