Манъи кор бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ дар Русия

Аз рӯзи 1-уми июн ҳукми иҷро гирифтани қонуни нави Русия дар бораи «Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ» сабаби бекор мондан ва ё ба мушкил гирифтор шудани ҳазорон ронандаи тоҷик шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави Русия дар бораи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки имсол тасвиб шуд, муҳоҷирони корӣ ва дар […]

Радиои Озодӣ

Аз рӯзи 1-уми июн ҳукми иҷро гирифтани қонуни нави Русия дар бораи «Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ» сабаби бекор мондан ва ё ба мушкил гирифтор шудани ҳазорон ронандаи тоҷик шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави Русия дар бораи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки имсол тасвиб шуд, муҳоҷирони корӣ ва дар умум хориҷиён иҷоза надоранд, бо гувоҳиномаи кишвари худашон дар Русия ба ҳайси ронанда кор кунанд.

Аз рӯзи 1-уми июн муҳоҷирони тоҷик, ӯзбак ва ё қирғиз, ки таксӣ, автобус, мошинҳои боркаш меронанд, дигар аз ҳаққи кору мусофиркашӣ маҳрум шуданд.

Қонуни ислоҳшудаи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва бахусус кишварҳои муштаракулманофеъ иҷоза медиҳад, дар ин кишвар ронандагӣ кунанд, вале ҳаққи кор бо гувоҳиномаи дохилӣ дар муассиса, ё корхонае надоранд.

Қонун дар бораи бехатарӣ дар роҳро соли 2014 қабул карданд, вале се сол он тасвиб нашуд, то ки ба гуфтаи мақомоти Русия хориҷиён тавонанд, ё гувоҳиномаашонро дигар кунанд ва ё дар Русия дарси ронандагӣ хонанду гувоҳиномаи русӣ бигиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.