Даъвати собиқ футболбози мунтахаби ҷавонони Олмон ба дастаи Тоҷикистон

Мунтахаби футболи кишвар ҳимоятгар Александр Хубер, зодаи шаҳри Хуҷандро ба ҳайаташ даъват кардааст. Ӯ таҷрибаи бозӣ дар яккачини ҷавонони Олмонро дорад. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Александр Хубер дар дастаҳои “Айнтрахт Франкфурт”, ”Хоффенхайме”, “Айнтрахт”, “Гамбург” ва “Киккерс”-и Олмон бозӣ кардааст. Ин ҳимоятгари 32-сола аз соли 2011 то 2016 дар ҳайати “Франкфурт” ба майдон барома, ҳоло […]

Хабаргузории «Озодагон»

Мунтахаби футболи кишвар ҳимоятгар Александр Хубер, зодаи шаҳри Хуҷандро ба ҳайаташ даъват кардааст. Ӯ таҷрибаи бозӣ дар яккачини ҷавонони Олмонро дорад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Александр Хубер дар дастаҳои “Айнтрахт Франкфурт”, ”Хоффенхайме”, “Айнтрахт”, “Гамбург” ва “Киккерс”-и Олмон бозӣ кардааст. Ин ҳимоятгари 32-сола аз соли 2011 то 2016 дар ҳайати “Франкфурт” ба майдон барома, ҳоло “агенти озод” аст.

Гуфта мешавад, Хубер таҷрибаи хуби бозӣ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Олмонро дорад. Соли 2005 дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар Ҳолланд доир шуд, иштирок кардааст.

Қарор аст, дар дидори мунтахаби Тоҷикистон бо Филиппин, ки дар доираи рақобати тахассусии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешавад, дар ҳайати яккачини Тоҷикистон ба майдон барояд. Ин дидор 13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.