Амали террористӣ дар Лондон 6 куштаву 50 захмӣ бар ҷой гузошт

Бар асари ҳамлаи шаби 3 июн дар шаҳри Лондон 6 нафар кушта шуда ва ҳудуди 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бинои ба иттилои расонаи мустақили Akhbor.com, шаҳрдори Лондон Содиқ Хон ин ҳодисаро ҳамлаи буздилона номида, гуфтааст, Лондон ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, ки ин даҳшатафканҳо пирӯз шаванд. Мақомоти Бритониё ҳамлаи шаби 3 июн дар рӯи пул(купрук)-и Лондонро […]

Akhbor.com

Бар асари ҳамлаи шаби 3 июн дар шаҳри Лондон 6 нафар кушта шуда ва ҳудуди 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бинои ба иттилои расонаи мустақили Akhbor.com, шаҳрдори Лондон Содиқ Хон ин ҳодисаро ҳамлаи буздилона номида, гуфтааст, Лондон ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, ки ин даҳшатафканҳо пирӯз шаванд.

Мақомоти Бритониё ҳамлаи шаби 3 июн дар рӯи пул(купрук)-и Лондонро ҳамлаи террористӣ меноманд. Макр Ровлӣ, раҳбари пули зиддитеррор гуфт, тафтишот фарзияи амали террористиро таҳқиқ мекунад, чунки ҳарсе ҳамлагар дар тан камарбандҳои монанд ба тасмаҳои маргталабона доштаанд.

Соати тақрибан даҳи шаби 3 июн як мошини боркаш бо суръати баланд мардуми раҳгузарро дар рӯи купруки Лондон зер кард, Сипас се мард аз ин мошин пойин шуда, бо корд ба аҳли як тарабхонаи воқеъ дар он наздикӣ ҳамла карданд.

Ба маълумоти хадамоти "Ёрии таъҷилӣ”-и Лондон, дар ин ҳамла 6 нафар ҷон бохта, 48 нафарро ба бемористон интиқол додаанд ва як шумори дигарро, ки ҷароҳатҳояшон сабук буд, дар ҳамон ҷои ҳодиса ёрии лозими тиббӣ расондаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.