Ҳиндустону Покистон узви комилҳуқуқи СҲШ шуданд

Asia-Plus

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки баъди ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шудани Ҳиндустону Покистон, Созмон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.

Бино ба маълумоти ТАСС, Назарбоев зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ изҳор доштааст, ки «басо рамзист, ки 12 сол пеш маҳз дар Остона дар бораи ба ду кишвар – Ҳиндустону Покистон додани мақоми нозир дар Созмон қарорҳо ба имзо расида буданд ва аз нигоҳи таърихӣ муҳим будани ҷаласаи мо дар он ифода меёбад, ки ин кишварҳо бои нахуст дар Созмони мо иштирок мекунанд ва Созмон васеъ мешавад».

«Акнун минтақаи зери масъулияти СҲШ қаламрави дорои аҳолии беш аз 3 млрд нафарро фаро мегирад, ки дар он ҳудуди сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон истеҳсол мешавад, – таъкид доштааст Назарбоев. – Ҳамин тариқ, Созмон ба марҳилаи нави рушди ниҳодии худ акнун ҳамчун «Ҳаштгонаи Шанхай» қадам мегузорад».

Ба андешаи президенти Қазоқистон, «қабули аъзои нав ба рушди Созмон такони нави ҷиддӣ бахшида, ба болоравии нуфузи байнулмилалии он мусоидат мекунад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...