Ҳиндустону Покистон узви комилҳуқуқи СҲШ шуданд

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки баъди ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шудани Ҳиндустону Покистон, Созмон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Бино ба маълумоти ТАСС, Назарбоев зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ изҳор доштааст, ки «басо рамзист, ки 12 сол пеш маҳз дар Остона дар бораи ба ду кишвар […]

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки баъди ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шудани Ҳиндустону Покистон, Созмон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд.

Бино ба маълумоти ТАСС, Назарбоев зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ изҳор доштааст, ки «басо рамзист, ки 12 сол пеш маҳз дар Остона дар бораи ба ду кишвар – Ҳиндустону Покистон додани мақоми нозир дар Созмон қарорҳо ба имзо расида буданд ва аз нигоҳи таърихӣ муҳим будани ҷаласаи мо дар он ифода меёбад, ки ин кишварҳо бои нахуст дар Созмони мо иштирок мекунанд ва Созмон васеъ мешавад».

«Акнун минтақаи зери масъулияти СҲШ қаламрави дорои аҳолии беш аз 3 млрд нафарро фаро мегирад, ки дар он ҳудуди сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон истеҳсол мешавад, – таъкид доштааст Назарбоев. – Ҳамин тариқ, Созмон ба марҳилаи нави рушди ниҳодии худ акнун ҳамчун «Ҳаштгонаи Шанхай» қадам мегузорад».

Ба андешаи президенти Қазоқистон, «қабули аъзои нав ба рушди Созмон такони нави ҷиддӣ бахшида, ба болоравии нуфузи байнулмилалии он мусоидат мекунад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.