Дархости ҳукми 17 соли зиндон барои собиқ корманди дастгоҳи иҷроияи президент

Радиои Озодӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода, корманди пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва шаш тан аз ҳамроҳонаш, мутаносибан аз 13 то 17 соли зиндонро талаб кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин афрод дар маҷмӯъ барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор мешаванд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Сухани айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 8-уми июн дар додгоҳи ноҳияи Сино шунида шуд ва дар ҷараёни мурофиа, ки зоҳиран ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст, айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарон Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров 17 сол, барои Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев ва Зуҳал Сангинов 15 ва барои Ҳикматулло Хоҷаев 13 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш шадидро тақозо намуд.

Онҳо бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон”, “қасдан вайрон кардани барномаҳои электронӣ” ва “сӯистифода аз боварӣ” муттаҳам мешаванд. Парвандаи ин афрод беш аз як сол аст, ки дар баррасӣ қарор дорад.

Қурбоналӣ Файзуллозода – дар гузашта сардори таъминоти техникӣ ва ҳоло мудири нашриёти "Шарқи Озод" , ки дар ин парванда ба ҳайси ҷавобгар даъват шуда буд, аз ҷавобгарӣ озод карда шудааст. Аммо вай то 10 рӯзи оянда — замони ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ ҳаққи тарки ҷои истиқоматашро надорад. Файзуллозода бар асоси моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...