Хонаи ақди никоҳи Душанбе ба бинои якошёна кӯчид

Хонаи ақди никоҳи Душанбе ё худ бинои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и пойтахт акнун дар дар қаср, балки дар бинои начандон бузурги якошёна дар маҷмаии “Наврӯзгоҳ” ҷойгир аст. Хонаи ақди никоҳ ҳанӯз се моҳ пеш аз Маркази ҷавонон кӯчонида шуда буд. Кӯчонида шудани Хонаи ақди никоҳ аз Маркази ҷавонон ба маҷмааи “Наврӯзгоҳ” бо қарори раиси […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Хонаи ақди никоҳи Душанбе ё худ бинои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и пойтахт акнун дар дар қаср, балки дар бинои начандон бузурги якошёна дар маҷмаии “Наврӯзгоҳ” ҷойгир аст. Хонаи ақди никоҳ ҳанӯз се моҳ пеш аз Маркази ҷавонон кӯчонида шуда буд.

Кӯчонида шудани Хонаи ақди никоҳ аз Маркази ҷавонон ба маҷмааи “Наврӯзгоҳ” бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст.

То кӯчонида шудан беш аз 10 сол Хонаи ақди никоҳи Душанбе дар Маркази равобити кории пойтахт, рӯ ба рӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, дар кӯчаи Мирзо Турсунзода ҷойгир шуда буд. Дар ин роҳ бисёр вақт бинобар сабаби зиёд будани автомашинаҳои тӯй тамбашавии якчандкилометрии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд меомад.

Моҳи апрел раиси пойтахт дар бораи ба Маркази ҷавонон табдили ном кардани Маркази равобити пойтахт қарор содир намуда, дастур дод, ки Хонаи ақди никоҳ аз ин бино кӯчонида шавад.

Ҳозира бинои Маркази ҷавонон моҳи майи соли 2008 мавриди истифода қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи бинои чорошёна зикр гардида буд, ки ба ҷуз Хонаи ақди никоҳ, дар ин ҷо Раёсати ҷавонон, Кумитаи кор бо занон, Маркази банақшагирии оила, Осорхонаи таърихи ҷавонони Душанбе, Маркази инетернет, фурӯшгоҳи ҷиҳози тӯй, мағоза барои навхонадорон ва толор барои баргузор намудани ҷашнҳои арӯсӣ низ ҷойгир хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.