Ҳукми 8 соли зиндон ба як зан барои интиқоли занон ба истисмори шаҳвонӣ дар Дубай

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз як зани сокини ноҳияи Фирдавсӣ – Нисо Мирзоеваи 28-соларо барои даст доштан дар интиқоли занон ба Аморати муттаҳидаи Араб (АМА) бо роҳи фиреб ва бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, маҳкумшуда моҳи июни соли 2016 бо зане […]

Мавзуна Абдуллоева

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз як зани сокини ноҳияи Фирдавсӣ – Нисо Мирзоеваи 28-соларо барои даст доштан дар интиқоли занон ба Аморати муттаҳидаи Араб (АМА) бо роҳи фиреб ва бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, маҳкумшуда моҳи июни соли 2016 бо зане бо номи Нодира маслиҳат карда, ӯ дар Дубай занони аз Тоҷикистон фиристодаро пешвоз мегирифтааст.

Тобистони соли гузашта Мирзоева дар пойтахт бо Робиямоҳ Забирова вомехӯрад. Робиямоҳ дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор дошт. Ӯ ба зан кор дар кошонаи ҳусн дар АМА-ро ваъда карда, ба санаи 29 август барои ӯ ба Дубай билет мехарад.

Дар Дубай занро Нодира пешвоз гирифта, изҳор мекунад, ки дар кошонаи ҳусн ҳеҷ коре нест ва ӯ бояд 8 ҳазор доллар маблағи барои ҳуҷҷатҳо ва билети ҳавопаймо харҷшударо кор карда баргардонад. Онҳо занро ба клуби шабона барои пулкоркугнӣ фиристода, 900 доллар маблағ мегиранд.

Бино ба маълумоти тафтишот, Робиямоҳ аз Дубай истирдод шуда, дар Тоҷикистон аз болои Нисо Мирзоева ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурдааст. Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Мирзоева бо ҳамин роҳ боз чандин занонро ба Дубай фиристодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.