Аз мансаби муовини сарвазири Ӯзбекистон барканор шудани Рустам Азимов

Рустам Азимов аз мансаби муовини сарвазири Ӯзбекистон барканор шуд. Дар ин бора «Газета.uz» бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати ин кишвар хабар медиҳад. Дар Девони вазирон ӯ ба Бахш оид ба масъалаҳои рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ роҳбарӣ мекард. Бино ба маълумоти дарёфтии идораи хабаргузорӣ, Рустам Азимов Ширкати миллии суғуртаи содиротӣ-воридотии «Ӯзбекинвест»-ро […]

Asia-Plus

Рустам Азимов аз мансаби муовини сарвазири Ӯзбекистон барканор шуд. Дар ин бора «Газета.uz» бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати ин кишвар хабар медиҳад.

Дар Девони вазирон ӯ ба Бахш оид ба масъалаҳои рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ роҳбарӣ мекард.

Бино ба маълумоти дарёфтии идораи хабаргузорӣ, Рустам Азимов Ширкати миллии суғуртаи содиротӣ-воридотии «Ӯзбекинвест»-ро ба роҳбарӣ гиифтааст.

Гуфта мешавад, Рустам Азимовро дар ин вазифа Ҷамшед Кучкаров иваз кардааст, ки аз соли 2005 ба ҳайси муовини аввали вазири молия фаъолият дошт.

Рустам Азимов (с/т 1958) солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муовини аввали сарвазир – вазири молияи Ӯзбекистон кор кардааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ аз мансаби вазири молия барканор шуда, муовини сварвазир таъин шуд.

Ҷамшед Кучкаров (с/т 1964) то кор дар вазифаи муовини вазири молия дар мансабҳои муовини раиси Бонки марказӣ (солҳои 1996-1997) ва муовини вазири молия – сардори Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ӯзбекистон (солҳои 1997-2005) ифои вазифа намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.