Тақдими нусхаи хурди Ҷоми КФО ба «Истиқлол»

Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и пойтахт ба сертификати ғолиби «Минтақаи марказӣ» дар даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 соҳиб шуд. Бино ба маълумоти сомонаи даста, маросими супурдани мукофот ва тақдими нусхаи хурди Ҷоми КФО ба қаҳрамони Тоҷикистон дар машварати корӣ дар меҳмонхонаи JW Marriott Hotel Kuala Lumpur дар пойтахти Малайзия доир гардид. Ба ҷуз дастаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и пойтахт ба сертификати ғолиби «Минтақаи марказӣ» дар даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 соҳиб шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи даста, маросими супурдани мукофот ва тақдими нусхаи хурди Ҷоми КФО ба қаҳрамони Тоҷикистон дар машварати корӣ дар меҳмонхонаи JW Marriott Hotel Kuala Lumpur дар пойтахти Малайзия доир гардид.

Ба ҷуз дастаи «Истиқлол», директори генералии КФО Дато Виндзор ба дигар ғолибони гурӯҳҳои минтақавии Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳо низ диплому ифтихорномаҳо тақдим кард. Имрӯз дар меҳмонхонаи JW Marriott Hotel Kuala Lumpur маросими қуръапартоии марҳилаи интернатсоналии минтақавии мусобиқа баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки вохӯриҳои аввали ин марҳилаи мусобиқа – рӯзҳои 22-23 август ва бозиҳои ҷавобӣ – рӯзҳои 12-13 сентябр доир мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.