Наворбардории аввалин рекламаи ҳаракати велосипедронӣ дар Тоҷикистон

Ин рекламаи иҷтимоӣ идомаи чорабиниҳоест, ки ба рушди ҳаракати велосипедронӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Солҳои охир дар Тоҷикистон мунтазам веломарафон, мусобиқаҳои гуногуни велосипедронӣ ва ҳамчунин чорабинии дар Ғарб маъруфи «Критическая масса» гузаронида мешавад, ки иштирокчиёни он дастаҷамъона дар кӯчаҳои шаҳр велосипед меронанд, то ки таваҷҷуҳи дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ба ҳузури велосипедронон ҷалб намоянд. […]

Asia-Plus

Ин рекламаи иҷтимоӣ идомаи чорабиниҳоест, ки ба рушди ҳаракати велосипедронӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Солҳои охир дар Тоҷикистон мунтазам веломарафон, мусобиқаҳои гуногуни велосипедронӣ ва ҳамчунин чорабинии дар Ғарб маъруфи «Критическая масса» гузаронида мешавад, ки иштирокчиёни он дастаҷамъона дар кӯчаҳои шаҳр велосипед меронанд, то ки таваҷҷуҳи дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ба ҳузури велосипедронон ҷалб намоянд.

https://www.youtube.com/watch?v=2KkT-vIJ7Rs

Коршиносон зикр мекунанд, ки Тоҷикистон макони идеалӣ барои рушди велосипедронӣ ба сифати алтернатива ба нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ буда, саёҳат бо велосипед миёни сайёҳони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда хеле писандида аст.

Солҳои 70-80-уми асри гузашта велосипедронӣ дар Тоҷикистон хеле рушд ёфта буд: аз Шаҳритӯс то Хуҷанд гурӯҳҳои велосипедронӣ фаъолият намуда, дар ин соҳа варзишгаронеро ба камол мерасониданд, ки дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо мегардиданд.

Баъди солҳои 90-ум ҳаракати велоспедронӣ дар Тоҷикистон рӯ ба таназзул ниҳода, гурӯҳҳои велосипедронон фаъолият худро қатъ ва мураббиёни касбӣ кишварро тарк намуданд. Солҳои охир Федератсияи варзиши велосипедронии ҶТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамчунин фаъолони сершумори ин соҳа баҳри эҳёи ин навъи варзиш фаъолона кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Рекламаи иҷтимоӣ бахшида ба рушди ҳаракати велосипедронӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти экологии «Замини хурд» (Маленькая земля) дар доираи лоиҳаи «Расонаҳо барои инъикоси пурсамари масоили муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» таҳия шудааст. Лоиҳаи мазкурро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва Интернюс амалӣ месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.