Манъи кор дар мақомоти милитсия ба шахсони дорои душаҳрвандӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзишу таҳлили тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи милитсия» оғоз намуд, ки мутобиқи он шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар, хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ аз ҳуқуқи кор дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ маҳрум мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон итттилоъ дод, тағйироту иловаҳои мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзишу таҳлили тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи милитсия» оғоз намуд, ки мутобиқи он шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар, хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ аз ҳуқуқи кор дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ маҳрум мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон итттилоъ дод, тағйироту иловаҳои мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия гардида, ба ҳимояи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2014 ба афроди дорои шаҳрвандии ду кишвар, хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ фаъолияти расмӣ дар сохторҳои дипломатӣ, мақомоти амнияи миллӣ ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон манъ шуд.

Моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул намуд, ки дар онҳо нисбати мансабдорони давлатӣ барои пинҳон доштани маълумот дар бораи доштани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима пешбинӣ шудааст.

Минбаъд барои риоя нашудани талаботи мазкури Кодекс дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 50 сомонӣ), яъне аз 1 то 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.