Ҳалокати ду наврас дар дарёҳои Тоҷикистон

Давоми ду рӯз дар дарёҳои Тоҷикистон ду наврас – писарони 10 ва 14 сола ғарқ шуда, ҷасади яке аз онҳо то ҳол дарёфт нашудааст. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад,  рӯзи 3 июн сокини ҷамоати ноҳияи Вахш навраси 14-сола ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Гуфта мешавад, рӯзи 5 июн писарбачаи 10-солаи […]

Asia-Plus

Давоми ду рӯз дар дарёҳои Тоҷикистон ду наврас – писарони 10 ва 14 сола ғарқ шуда, ҷасади яке аз онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад,  рӯзи 3 июн сокини ҷамоати ноҳияи Вахш навраси 14-сола ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 5 июн писарбачаи 10-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, барои дарёфти ҷасади ноболиғ чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, тӯли 5 моҳи соли равон дар дарёву кӯл ва обанбору дигар ҷойҳой оббозиву шиноварии кишвар 36 нафар ноболиғон ба ҳалокат расидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.