Тасдиқи санаи 15 октябр баргузор шудани интихоботи президентии Қирғизистон

Бино бар қонуне, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба имзо расонд, интихоботи навбатии президентӣ дар ин кишвар рӯзи 15 октябр баргузор мешавад. Ҳамчунин бо ин санад ба шартҳои ширкат дар интихоботҳо тағйирот ворид гашт. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла гаравпулии интихоботӣ барои номзади президентӣ акнун 1 миллион сом ё наздики […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бино бар қонуне, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба имзо расонд, интихоботи навбатии президентӣ дар ин кишвар рӯзи 15 октябр баргузор мешавад. Ҳамчунин бо ин санад ба шартҳои ширкат дар интихоботҳо тағйирот ворид гашт.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла гаравпулии интихоботӣ барои номзади президентӣ акнун 1 миллион сом ё наздики 14 700 доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. То ин тағйир номзадҳо 100 ҳазор сом ё 1470 долларро гарав мегузоштанд.

Илова бар ин қонуни нав истилоҳи «нозири ҷамъиятӣ»-ро расмӣ кард, ки норозигии фаъолони иҷтимоиро ба миён овард. Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин бахши қонун ҳуқуқи нозирон аз созмонҳои ғайритиҷоратиро маҳдуд мекунад.

Қонуни нав ҳамчунин истифодаи бутта ва дарахтҳо, домана ва қуллаи кӯҳу теппаҳо ва дигар баландиҳои табииро барои ҷой додани ҳама гуна маводи таблиғотӣ манъ мекунад.

Бино бар қонуни нав дар интихоботи порлумонӣ талаботи сахттар, аз ҷумла аризаи шахсии вакил барои қатъи салоҳият, саҳмияҳои ҷинсӣ ва қавмӣ ҷорӣ гашта, садди вуруд ба порлумон аз 7 ба 9 дарсади ҳамаи ширкаткунандагони интихобот боло бурда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.