Эълони номи 2 гумонбари амали террористӣ дар Лондон

Пулиси Бритониё номи ду гумонбарро дар анҷоми амали террористии рӯзи  3 июн дар шаҳри Лондон эълон кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Курам Батти 27-сола, падари ду фарзанд, ҳамроҳ бо хонаводааш давоми чанд сол дар шарқи Лондон ба сар мебурд. Вай зодаи Покистон буда, ҳаққи истиқомат дар Бритониёро дошт. Батт пештар дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Пулиси Бритониё номи ду гумонбарро дар анҷоми амали террористии рӯзи  3 июн дар шаҳри Лондон эълон кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Курам Батти 27-сола, падари ду фарзанд, ҳамроҳ бо хонаводааш давоми чанд сол дар шарқи Лондон ба сар мебурд. Вай зодаи Покистон буда, ҳаққи истиқомат дар Бритониёро дошт. Батт пештар дар мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оҷонсии MI5 будааст.

Гуфта мешавад, пулис аз Ричард Редуэйн ба унвони террористи дувум ном мебарад. Вай 30 сол доштааст. Ричард ҳамчунин худро Рашид Элхдар меномид ва дар гузашта дар мадди назари пулис қарор надошт. Редуэйн ҳамзамон шаҳрвандии Либиё ва Марокашро доштааст.

Зикр мегардад, ки намояндагони пулиси Лондон мегӯянд, дар ҷустуҷӯи шахсияти ҳамлагари севум ҳастанд. Ҳар се ҳамлагар баъди чанд дақиқаи ҳамла ба роҳгузарон дар болои пули Лондон аз сӯи пулис кушта шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.