Гумонбарии хазинадори «Амонатбонк» ба азхудкунии маблағҳо

Кормандони Агентии назорати давлатии моиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳо корманди филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувонро боздошт намуданд. Ин зан бо ҳуҷҷатҳои қалбакии нафақахӯрон беш аз 71 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, Муродалиева Хосият Аҳмадовна аз моҳи майи соли 2013 дар вазифаи нозир […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии моиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳо корманди филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувонро боздошт намуданд. Ин зан бо ҳуҷҷатҳои қалбакии нафақахӯрон беш аз 71 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, Муродалиева Хосият Аҳмадовна аз моҳи майи соли 2013 дар вазифаи нозир хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали №75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ба номи нафақахӯрон дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон расидҳои қалбакӣ тайёр намудааст.

Гуфта мешавад, дар давоми аз моҳи августи соли гузашта то замони боздошт ӯ тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба номи нафақахӯрон беш аз 71 ҳазор сомонӣ маблағҳои бонкро ғайриқонунӣ азхуд намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Муродалиева Хосият Аҳмадовна бо аломатҳои моддаи 245 қисми 3 банди «а» ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.