Шаҳрдорӣ: Пули таъмир дар мактабҳо бояд ба волидон баргардонида шаванд

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе изҳор медорад, ки пули ҷамъоваришуда барои таъмир дар мактабҳои пойтахт бояд ба падару модари толибилмон баргардонида шаванд. Дар чанде аз мактабҳо, ки барои таъмир аз хонандагон пул ҷамъоварӣ карда буданд, ин маблағҳоро ба волидон баргардонидаанд. Ин кор баъди содир шудани дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ сурат гирифт, ки дар он гуфта […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе изҳор медорад, ки пули ҷамъоваришуда барои таъмир дар мактабҳои пойтахт бояд ба падару модари толибилмон баргардонида шаванд.

Дар чанде аз мактабҳо, ки барои таъмир аз хонандагон пул ҷамъоварӣ карда буданд, ин маблағҳоро ба волидон баргардонидаанд. Ин кор баъди содир шудани дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ сурат гирифт, ки дар он гуфта мешавад, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ бояд аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳияҳо таъмир шаванд.

Муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ситора Бобохонова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки минбаъд барои аз волидон ҷамъоварӣ кардани маблағ барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад ва «раҳбарияти мактабҳо бояд пулҳои ҷамъоваришударо ба волидон бозпас диҳанд».

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала изҳор мекунад, ки аслан ҷамъоварии маблағ аз падару модарони хонандагон барои таъмиру мактабу кӯдакистонҳо ғайриқонунӣ аст.

«Вазорат ҳамасола изҳор мекунад, ки ҷамъоварии маблағу воситаҳо барои ин ё он эҳтиёҷи мактаб ғайриқонунӣ аст, – гуфт сухангӯи Вазорат Эҳсон Хушвахтов. – Дар сурати ошкор шудани далелҳои ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабҳо, падару модарон метавонанд ба телефони боварии Вазорат – 227-76-86 муроҷиат кунанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.