Си Ҷинпин Эмомалӣ Раҳмонро ба Чин даъват кард

Asia-Plus

Дар ҳошияи баргузории Иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Остона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисбатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.

Аз сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон таҳкими муносибатҳои стратегию шарикиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ба рушду тавсеи бештари ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ мароқ зоҳир карда, ҷонибҳо таъкид бар он доштанд, ки ҳарду давлат дар роҳи таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои мазкур тадбирҳои зиёду муассир анҷом додаанд.

Барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаи низоми бонкию молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторию нақлиётӣ, аз ҷумла таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар атрофи Роҳи бузурги абрешим, оғози сохтмони қисматии Тоҷикистонии лӯлаи гази минтақавии Чин-Осиёи Марказӣ ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамдастии байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту субботи сартосарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шуд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар наздиктарин фурсат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф орад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...