Си Ҷинпин Эмомалӣ Раҳмонро ба Чин даъват кард

Дар ҳошияи баргузории Иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Остона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисбатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории […]

Дар ҳошияи баргузории Иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Остона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисбатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.

Аз сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон таҳкими муносибатҳои стратегию шарикиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ба рушду тавсеи бештари ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ мароқ зоҳир карда, ҷонибҳо таъкид бар он доштанд, ки ҳарду давлат дар роҳи таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои мазкур тадбирҳои зиёду муассир анҷом додаанд.

Барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаи низоми бонкию молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторию нақлиётӣ, аз ҷумла таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар атрофи Роҳи бузурги абрешим, оғози сохтмони қисматии Тоҷикистонии лӯлаи гази минтақавии Чин-Осиёи Марказӣ ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамдастии байнидавлатӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту субботи сартосарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шуд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар наздиктарин фурсат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф орад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.