Вазорати мудофиаи Русия аз эҳтимоли маҳви пешвои ДИ хабар дод

Вазорати мудофиаи Русия изҳор мекунад, ки бар асари зарбаҳои ҳавоии авиатсияи ин кишвар дар Сурия, эҳтимол пешвои созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) Абӯбакр ал-Бағдодӣ кушта шудааст. Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, дар хабари Вазорати мудофиа зикр гардидааст, ки алҳол ин маълумотро санҷидан зарур аст. Низомиёни Русия хабар додаанд, ки зарбаи ҳавоӣ рӯзи 28 май ба […]

Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Русия изҳор мекунад, ки бар асари зарбаҳои ҳавоии авиатсияи ин кишвар дар Сурия, эҳтимол пешвои созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) Абӯбакр ал-Бағдодӣ кушта шудааст.

Хабаргузории «Медуза» дар ин робита менависад, дар хабари Вазорати мудофиа зикр гардидааст, ки алҳол ин маълумотро санҷидан зарур аст.

Низомиёни Русия хабар додаанд, ки зарбаи ҳавоӣ рӯзи 28 май ба ҳадафи дар наздикии шаҳри Раққа қарордошта сурат гирифтааст. Шаҳри Раққаро «пойтахт»-и Давлати ислмоӣ дар Сурия ном мебаранд.

Қобили зикр аст, ки дар васоити ахбори умум чандин маротиба дар бораи марги Абӯбакр ал-Бағдодӣ маълумот мунташир гардида, вале ҳар дафъа ин маълумотҳо  тасдиқи худро намеёфтанд.

Абӯбакр ал-Бағдодӣ пас аз қатли пешвои собиқи гурӯҳ Абӯ Умар ал-Бағдодӣ (апрели оли 2010) 16 майи соли 2010 созмони террористии «Давлати исломӣ»-ро ба роҳбарӣ гирифт. Васоити ахбори умум Абӯбакр ал-Бағдодиро «вориси ҳақиқии Усома бин Лодан» унвон карда, ӯ бо тундгароӣ ва бераҳмии худ маъруф аст. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.