Дарёфти ҷасади овехтаи мудири меҳмонсарои «Тоҷикистон» дар Маскав

Расонаи мустақили Akhbor.com

Ҷасади мудири меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро аз чердаки ин бино пайдо кардаанд. Наздикони Баҳром Муҳиддинов гуфтаанд, ки ӯ худро ба дор кашидааст.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com бо истинод ба хабаргузории "Москва”, ахиран ҷасади мудири меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро аз чердаки ин бинои 8-қабата пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи хабаргузории "Москва” дар мақомоти интизомӣ, ба пулиси пойтахти Русия дар бораи ёфт шудани ҷасади мудири ин Гостевой дом, ки бо номи "меҳмонхонаи Тоҷикистон” ҳам маъруф аст, муовини вай хабар додааст.

Манбаи "Москва” гуфтааст: "Ин мард хабар дод, ки дар қабати ҳаштуми ин бино дар чердак ҷасади мудири 40-солаи мудири ин меҳмонхонаро пайдо кардааст.” Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷасадро барои ташхиси иллати марг ба мурдахона (морг) фиристодаанд.

Дар хабари "Москва” исми мудири меҳмонхона ва сабабҳои марги ӯ гуфта нашудааст, вале қаблан наздикони Диловар Муҳиддинов, соҳибкори тоҷики муқими Русия ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки додари ӯ Баҳром Муҳиддинов худро ба дор кашидааст.

Аз Фархор хабар доданд, ки ҷанозаи Баҳром Муҳиддиновро рӯзи 18 июн аз Маскав оварда, дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.

Умури меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро дар ин авохир Диловар Муҳиддинов дар даст дорад ва Баҳром Муҳиддинов – яке аз бародаронашро масъули ин меҳмонхона ва қаҳвахонаи "Хайём”-ро, ки низ дар дохили меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон ҷойгир аст, карда буд.

Меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Маскав, дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская ва кӯчаи Чаянов дар як бинои ҳафтқабатаи таърихӣ, ки ҳанӯз соли 1898 сохта шудааст, ҷойгир шудааст. Меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ 550-600 метр аз истгоҳҳои метрои Белорусская ва Маяковская воқеъ шудааст.

Диловар Муҳиддинови 47-сола зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аст, вале қариб 30 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва яке аз соҳибкорони тоҷики матраҳ дар Русия ба шумор меравад. Ӯ аз моликони ширкати "Транс Евразия Лоҷистик” – яке аз ширкатҳои пештози боркашонӣ ва лоҷистикии Русия буда, умури меҳмонхонаи Тоҷикистон ва қаҳвахонаи "Хайём”-ро низ ба дасти худ гирифта буд.

Диловар Муҳиддинов дар соли 2013 бо харҷи беш аз 1,5 миллион доллар дар зодгоҳаш – ноҳияи Фархор як мактаби сеқабата бино кард. Ӯ ҳамин тавр сохтмони 15 километр аз 25 километр тӯли роҳи мошингард аз ҷамоати Ғайрат то маркзаи ноҳияи Фархорро ба дӯш гирифт. Дар расми гушоиши ин мактаб ва оғози сохтмони роҳи Ғайрат – Фархор раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат карда буд.

Бозори марказии ноҳияи Фархор низ ду сол пеш дар ихтиёри хонаводаи бонуфузи Муҳиддиновҳо қарор гирифт. Раҳбарии ин бозорро ҳоло Тоҷиддин Муҳиддинов – як бародари дигари Диловар Муҳиддинов ба дӯш дорад.

Бозори марказӣ ва ҳамчунин бозори нави ноҳияи Фархор бегоҳи 30 май дар натиҷаи як сӯхтори бузург тақрибан саросар ба коми оташ рафтанд.

Мақомот зарари расида ба соҳибкорони ин бозорро 350 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд, вале Тоҷиддин Муҳиддинов дар сӯҳбати қаблиаш бо "Ахбор” гуфт, бозори марказӣ пурра сӯхта, хокистар шудааст ва бояд аз нав сохта шавад: "Дар он сӯхтори бегоҳи 30 май тамоми бозор сӯхта, хокистар шуд. Ва ман ба бозорнишинҳо ваъда додам, ки дӯконҳояшонро аз нав сохта, ба дасташон медиҳам. Қисмати қафои бозор, ҷое ки меваву сабзавот мефурӯхтанд, алакай дар рӯзҳои наздик, мо ният дорем, ки ҳанӯз то поёни моҳи Рамазон аз нав ба кор бидарояд. Вале қисмати пешаш каме вақт хоҳад гирифт.”

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.