Бунёди маркази фурӯши автомобилҳои Ӯзбекистон дар Душанбе

Дар мавзеи наздикии колхози «Россия»-и шаҳри Душанбе маркази фурӯши автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Равон»-и Ӯзбекистон бунёд мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, муовини нахуствазири Ӯзбекистон Улуғбек Розиқулов, ки бо сафари дурӯзаи корӣ имрӯз ба Душанбе омад, ҳамроҳ бо мансабдорони воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ аз макони сохтмони иншооти оянда боздид хоҳад кард. Ҳайати […]

Дар мавзеи наздикии колхози «Россия»-и шаҳри Душанбе маркази фурӯши автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Равон»-и Ӯзбекистон бунёд мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, муовини нахуствазири Ӯзбекистон Улуғбек Розиқулов, ки бо сафари дурӯзаи корӣ имрӯз ба Душанбе омад, ҳамроҳ бо мансабдорони воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ аз макони сохтмони иншооти оянда боздид хоҳад кард.

Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо сарварии муовини нахуствазир аз 17 нафар намояндагони вазорату идораҳои гуногун ва ҳамчунин 40 нафар соҳибкорону тоҷирон иборат буда, онҳо дар Душанбе масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳоро баррасӣ мекунанд.

«Имрӯз баррасии як қатор созишномаҳои мушаххас, ки аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ баимзорасиашон пешбинӣ мешавад, дар назар аст, – гуфт манбаъ. – Ҳамоиши тиҷоратӣ бо иштироки соҳибкорону тоҷирону ҳарду кишвар пагоҳ, 21 июн доир мегардад».

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории ҳайати кишвари ҳамсоя дидору гуфтушуниди муовини нахуствазири Ӯзбекистон бо муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати кишвари ҳамсоя ҳамчунин аз осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт низ боздид хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.