Қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона дар давраи кори ЭКСПО-2017

Қатораи мусофирбар бори нахуст пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистонро ба ҳам пайваст, лекин он алҳол танҳо дар давраи баргузории намоиши ЭКСПО-2017 равуо мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сардори корхонаи мусофиркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Каримҷон Муминов хабар дод, қатораи иборат аз 9 вагон рӯзи 15 июн аз Душанбе ба сафар баромада, дар 4 шабонарӯз шоми рӯзи 19 […]

Қатораи мусофирбар бори нахуст пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистонро ба ҳам пайваст, лекин он алҳол танҳо дар давраи баргузории намоиши ЭКСПО-2017 равуо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сардори корхонаи мусофиркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Каримҷон Муминов хабар дод, қатораи иборат аз 9 вагон рӯзи 15 июн аз Душанбе ба сафар баромада, дар 4 шабонарӯз шоми рӯзи 19 июн ба Остона расидааст.

Ҳаракати қатораҳои мусофирбар тариқи ин хатсайр як маротиба дар 1 ҳафта муқаррар шуда, танҳо 3 моҳ – дар давраи кори намоиши махсуси байнулмилалии «ЭКСПО-207» дар Остона, яъне то 10 сентябр равуо мекунанд.

«Агар ба ин хатсайр аз ҷониби мусофирони ҳарду кишвар талабот пайдо шавад, ҷонибҳо метавонанд дар бораи мунтазам роҳандозии қатораҳои мусофирбар бо ин хатсайр ба созиш бирасанд», – гуфт намояндаи корхона.

Зимнан зикр гардид, ки қатора аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ва аз Остона – рӯзҳои душанбеи ҳафта раҳсипор мешавад ва агар мусофир билетро як моҳ пеш аз сафар харидорӣ намояд, арзиши он 927 сомониро ташкил дода, агар то 10 рӯз пештар дасрас кунад, арзиши он баландтар хоҳад буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.