Филми мустанади коргардони амрикоӣ Оливер Стоун дар бораи президенти Русия Владимир Путин шоми 19-уми июн дар шабаки аввали телевиизони Русия (ОРТ) намоиш дода шуд, ки онро сеяки тамошобинони ин кишвар тамошо карданд, хабар медиҳад RNS бо истинод ба хадамоти матбуоти Mediascope.
https://www.youtube.com/watch?v=jEJ-x2W0TRs
Муҳтавои асосии филм аз 20 соат мусоҳибаи Стоун бо Путин давоми ду сол иборат аст. Дар ИМА ин филм ҳафтаи гузашта намоиш дода шуда, ҳамчунин шабакаҳои телевизиони кишварҳои Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Италия ва бисёре аз давлатҳои дигар низ ҳуқуқи намоиши онро дастрас кардаанд.
Дар шабакаи аввали телевизиони Русия ин филм давоми 4 рӯз пешкаши тамошобинон мегардад.



