IRS плазаҳои нави толлингиро ба истифода медиҳад

Раҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон дар бораи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани низоми нави толлингӣ дар роҳи мошингарди Душане – Чанок маълумот медиҳад. Дар ҷойи плазаҳои айни замон амалкунанда плазаҳои нави толлингии нав ва муосир ба истифода дода мешаванд, ки дорои як қатор афзалиятҳо мебошанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, […]

Раҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон дар бораи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани низоми нави толлингӣ дар роҳи мошингарди Душане – Чанок маълумот медиҳад. Дар ҷойи плазаҳои айни замон амалкунанда плазаҳои нави толлингии нав ва муосир ба истифода дода мешаванд, ки дорои як қатор афзалиятҳо мебошанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, дар заминаи ин иқдом теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки айни замон 7-то аст, коҳиш ёфта, ба 6-то мерасад, яъне, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта мешавад. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, имкон медиҳад, ки масоҳати ҳудуди плазаҳо хеле васеъ шавад.

Гуфта мешавад, дар радифи дигар плазаҳо, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣбосуръат ҷараён доранд, дар плазаи толлингии Шаҳристон, воқеъ дар километри 180-уми роҳи Душанбе – Чанок  низ сатҳу сифати корҳо мувофиқи матлаб аст. То имрӯз қисмати аъзами корҳои сохтмонӣдар ин иншоот ба сомон расида, мавриди истифода қарор гирифтани он анқариб аст.

Ҳамрадиф бо ин, пардохти ғайринақдӣгустариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтӣхеле қулай мешавад. Барои мисол, ронанда метавонад кортҳои нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутаалиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд.

Зикр мегардад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар баробари  барои “IRS” муфид  будан, барои рушди низоми толлингӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар заминаи татбиқи лоиҳаи мазкур навгонӣва беҳбудиҳо дар самти идоракунии ҳаракати нақлиёт ва таъмини бехатарии ронандагону мусофиронро рӯйи кор хоҳанд омад.

Таъкид мешавад, ки масъалаи мазкур яке аз мақсадҳои асосии “IRS”  вобаста ба иҷрои рисолаташ дар робита ба нигоҳдории  роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак маҳсуб меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.