Дар фестивали гулҳо шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуд

Дар интиҳои ҳафтаи сипаригашта дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки ҷихати иштирок дар ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд 2017» омада буданд, ҳамчунин бо иштироки шумораи зиёди сокинони вилоят «Фестивали гулҳо» баргузор гардид. Бино ба […]

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд

Дар интиҳои ҳафтаи сипаригашта дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки ҷихати иштирок дар ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд 2017» омада буданд, ҳамчунин бо иштироки шумораи зиёди сокинони вилоят «Фестивали гулҳо» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, чун яке аз шартҳои ободу зебо гардонидани диёр  ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф  мебошад, дар ин фестивал ташкилоту муассисаҳо идора ва  муассисаҳои ободкорию сабзкории шаҳри Хуҷанд бо оро додани майдони ин маҷмаи таърихӣ ва саҳни даромадгоҳ бо гулу гулбуттаҳои ороишӣ компазитсияҳои гуногуни бо гулу сабза омодагашта ширкат намуданд. 

Бо хулосаи комиссияи тадорукот ва ҳайати ҳакамони озмун барои беҳтарин ороиш бо гулҳо шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал ва ғолиби фестивали гулҳо дониста шуда, ба гулпарварони Хуҷанд бошад ҷойи дуюм насиб гардид.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар лаҳзаи тантанавӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Ифтихорнома ва мукофотпулии ин озмуни зебоиро супорида барои саҳми арзандаашон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорпабинии мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва  роҳбарони идораҳои ободонию гулпарварии шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.