Шумораи рекордии гурезаҳову паноҳҷӯён ва муҳоҷирони дохилӣ дар соли 2016

Бино ба маълумоти Созмони Милали муттаҳид, шумораи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва муҳоҷирони дохилӣ дар соли 2016 ба дараҷаи рекордӣ расида, ба 65 миллиону 600 ҳазор нафар баробар шудааст, ки назар ба соли пешин 300 ҳазор нафар бештар аст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба ҳисоби миёна соли гузашта ҳар дақиқа 20 нафар маҷбур […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бино ба маълумоти Созмони Милали муттаҳид, шумораи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва муҳоҷирони дохилӣ дар соли 2016 ба дараҷаи рекордӣ расида, ба 65 миллиону 600 ҳазор нафар баробар шудааст, ки назар ба соли пешин 300 ҳазор нафар бештар аст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба ҳисоби миёна соли гузашта ҳар дақиқа 20 нафар маҷбур ба он гашт, ки хонаи худро тарк кунад, яъне ҳар се сония 1 нафар паноҳанда ё гуреза шуд.

Гуфта мешавад, аксари паноҳандагон – панҷуним миллион нафар аз Сурияанд. Ба ғайр аз ин, тавре муаллифони гузориши СММ мегӯянд, афзоиши ташаннуҷ дар Судони Ҷанубӣ зимни шиддат гирифтани низоъ сабаби фирори наздик ба 800 ҳазор одам гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки раҳбари идораи СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Грандӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ҷойҳои пазириши паноҳҷӯёнро 13 мартаба бештар карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло зиёда аз 1 миллион нафар ба камтарин шароити зист ниёз доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.