Тӯли 11 соли охир Русия 703,2 млн. доллар қарзи Қирғизистонро бахшид

Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Москва, Русия 240 миллион доллар қарзи ин кишварро бахшид. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин маблағ «ёрии расмӣ ба рушди Қирғизистон» унвон шудааст. Гуфта мешавад, 240 миллион доллар маҷмӯи қарзҳое буд, ки Русия то 30 марти соли 2017 ба Қирғизистон додааст. Пештар, дар нимаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Москва, Русия 240 миллион доллар қарзи ин кишварро бахшид.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин маблағ «ёрии расмӣ ба рушди Қирғизистон» унвон шудааст.

Гуфта мешавад, 240 миллион доллар маҷмӯи қарзҳое буд, ки Русия то 30 марти соли 2017 ба Қирғизистон додааст. Пештар, дар нимаи аввали соли 2016, Русия 30 миллион доллар қарзи қаблии Қирғизистонро низ бахшида буд. Ба сурати умум Русия дар 11 соли охир аз баҳри 703,2 миллион доллар қарзи ба Қирғизистон додааш гузаштааст.

Илова ба қарордоди бахшида шудани қарз Русия ва Қирғизистон эъломияи таҳкими коршарикии стратегиро ба имзо расонданд, ки бахши нав ва умдаашро густариши ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризм ва тундгароӣ, сармоягузории онҳо ва ҷинояткории созмонёфта, коррупсия ва шустушӯйи пул ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки ду кишвар ҳамчунин тасмим гирифтанд, низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ бунёд кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.