Отамбоев ирсоли нерӯҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пешниҳод кард

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар ивази тақвияти пойгоҳи низомии Кант, нерӯҳои Русия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Бодканд ҷойгир шаванд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Отамбоев ҷузъиёти сафарашро ба Русия дар ҳузури рӯзноманигорон ошкор карда, иброз доштааст, ки пойгоҳи низомии Кант ба тақвият эҳтиёҷ надорад.

"Дар мавриди пойгоҳ суҳбат шуд. Мо розием, ки пойгоҳ бояд таҷдид шавад, соҳиби силоҳи нав гардад. Аммо шумори низомиҳоро афзудан, тақвият додан – чи маънӣ дорад? Бишкекро аз кӣ муҳофизат бояд кард? Барои мо тақвияти марз бо Тоҷикистон дар вилояти Ботканд зарурат дорад – ин муҳим аст, – гуфтааст президенти ин кишвар. – Ман дар мавриди Афғонистон эътимод надорам, оё Тоҷикистон истодагарӣ карда метавонад? Мо албатта ба Тоҷикистон кӯмак мекунем, машқҳои муштарак доир мекунем, аммо онеро, ки эҳтиёт мекунад, Худо ҳам кӯмак мерасонад. Гузинаҳои дигарро Қирғизистон ба баррасӣ намегирад".

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар суҳбат бо расонаҳо пешниҳоди Отамбоевро дар робита ба ҷойгир кардани низомиҳои рус дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шарҳ надод.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ниҳоди марзбонӣ дар бораи пешниҳоди Отамбоев аз расонаҳо хабар пайдо кардааст. Вай гуфт, ҳоло ин маълумот ба раҳбари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ирсол шуда ва вокуниши мақомот дар ин замина пас аз ошноӣ бо маълумоти мазкур, пахш хоҳад шуд.

"Нерӯҳои марзбонии Русия пас аз хориҷ шудан аз сарҳадҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2005 дар сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ҷойгир шуда буданд. Он замон ҳам далели ин амр, ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир, аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия буд. Агар нерӯҳои Русия дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир шаванд ҳам, амнияти Қирғизистон ва Русияро ҳимоят хоҳанд кард, – гуфтааст генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...