Отамбоев ирсоли нерӯҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пешниҳод кард

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар ивази тақвияти пойгоҳи низомии Кант, нерӯҳои Русия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Бодканд ҷойгир шаванд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Отамбоев ҷузъиёти сафарашро ба Русия дар ҳузури рӯзноманигорон ошкор карда, иброз доштааст, ки пойгоҳи низомии Кант ба тақвият эҳтиёҷ надорад. "Дар мавриди пойгоҳ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар ивази тақвияти пойгоҳи низомии Кант, нерӯҳои Русия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Бодканд ҷойгир шаванд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Отамбоев ҷузъиёти сафарашро ба Русия дар ҳузури рӯзноманигорон ошкор карда, иброз доштааст, ки пойгоҳи низомии Кант ба тақвият эҳтиёҷ надорад.

"Дар мавриди пойгоҳ суҳбат шуд. Мо розием, ки пойгоҳ бояд таҷдид шавад, соҳиби силоҳи нав гардад. Аммо шумори низомиҳоро афзудан, тақвият додан – чи маънӣ дорад? Бишкекро аз кӣ муҳофизат бояд кард? Барои мо тақвияти марз бо Тоҷикистон дар вилояти Ботканд зарурат дорад – ин муҳим аст, – гуфтааст президенти ин кишвар. – Ман дар мавриди Афғонистон эътимод надорам, оё Тоҷикистон истодагарӣ карда метавонад? Мо албатта ба Тоҷикистон кӯмак мекунем, машқҳои муштарак доир мекунем, аммо онеро, ки эҳтиёт мекунад, Худо ҳам кӯмак мерасонад. Гузинаҳои дигарро Қирғизистон ба баррасӣ намегирад".

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар суҳбат бо расонаҳо пешниҳоди Отамбоевро дар робита ба ҷойгир кардани низомиҳои рус дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шарҳ надод.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ниҳоди марзбонӣ дар бораи пешниҳоди Отамбоев аз расонаҳо хабар пайдо кардааст. Вай гуфт, ҳоло ин маълумот ба раҳбари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ирсол шуда ва вокуниши мақомот дар ин замина пас аз ошноӣ бо маълумоти мазкур, пахш хоҳад шуд.

"Нерӯҳои марзбонии Русия пас аз хориҷ шудан аз сарҳадҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2005 дар сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ҷойгир шуда буданд. Он замон ҳам далели ин амр, ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир, аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия буд. Агар нерӯҳои Русия дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир шаванд ҳам, амнияти Қирғизистон ва Русияро ҳимоят хоҳанд кард, – гуфтааст генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.