Баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода рӯзи 28 июн бо вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов дидору гуфтушунид кард.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташакили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Қобили зикр аст, ки бори охир вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Зокир Алматов 19 сол пеш ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Тайи 20 соли ахир мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ ягон амалиёти муштарак нагузаронидаанд.

Чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ баргузор шуд. Дар ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои афзалиятноки Вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ ва амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, лоиҳаи байнидавлатии барномаҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардидаи Шӯро оид ба таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ муҳокима гардид.

Ҳамчунин лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз 30 ноябри соли 2000, оид ба амалинамоии Қарори Шӯрои ВКД аз 6-уми сентябри соли 2016 «Дар бораи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ дар соҳаи муқовимат алайҳи шомилшавии шаҳрвандои давлатҳои ИДМ ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ» ва таҳия намудани феҳристи ташкилотҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, ки фаъолияташон дар ҳудуди давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ манъ карда шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...