ВКД: Аз вируси тахрибкори «Petya» эҳтиёт бошед!

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки дар шабакаи интернет боз як вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст.

Дар маълумоти дар ин робита интишоргардидаи Вазорат қайд мешавад, ки тарзи паҳнкунии он дар шабакаи интернетӣ ба монанди вируси «WannaCry» мебошад.

Гуфта мешавад, усули ҳифзи аз ҳама оддитарин аз вируси «Petya» ва дигар вирусҳои ҳаммонанд – ҷавоб надодан ва накушодани мактубҳои шубҳанок аз ҷониби шахсони ношинос буда, дар ҳолати пайдо шудани чунин мактуб фавран онро тоза (удалить) кардан зарур аст.

Дастур дода мешавад, ки «Бодиққат бошед, windows ва таъмини барномаҳои зиддивирусиро (антивирусное ПО) навсозӣ намоед!».

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо ҳам ҳоло ягон иттилое дар бораи зарари ин вирус ба компютерҳо дар Тоҷикистон надоранд, аммо ҳанӯз аз шоми 27 июн тамоми ширкатҳоро аз хатари таҳдиди ин вирус огоҳ карда будаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...