Чораҳои иловагии ИМА дар таъмини амният дар парвозҳои хориҷӣ

Вазорати амнияти дохилии ИМА рӯзи чаҳоршанбе аз ҷорӣ шудани чораҳои иловагии амниятӣ, монанди тафтиши мусофирон дар ҳамаи парвозҳои тиҷоратӣ хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорат ҷузъиёти навовариро ошкор намекунад ва огоҳсозии ҷомеаро бар дӯши ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо гузоштааст. Аммо дар умум, чораҳои иловагӣ тафтиши ҳамаҷонибаи компютерҳо ва телефонҳои ҳамроҳ, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати амнияти дохилии ИМА рӯзи чаҳоршанбе аз ҷорӣ шудани чораҳои иловагии амниятӣ, монанди тафтиши мусофирон дар ҳамаи парвозҳои тиҷоратӣ хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорат ҷузъиёти навовариро ошкор намекунад ва огоҳсозии ҷомеаро бар дӯши ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо гузоштааст.

Аммо дар умум, чораҳои иловагӣ тафтиши ҳамаҷонибаи компютерҳо ва телефонҳои ҳамроҳ, ташдиди чораҳои амниятӣ дар толорҳои мусофирон ва таваққуфгоҳи тобистонаи ҳавопаймоҳоро дар бар мегирад. Навоварӣ ба 280 фурудгоҳи 150 кишварро, ки ҳамарӯза ба ИМА дар маҷмуъ 2100 ҳавопаймо ва 325 ҳазор мусофир мефиристанд, дахл хоҳад дошт. Харҷи асосии ин навоварӣ аз буҷаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ рӯёнида мешавад. Онҳое, ки чораҳои иловагиро риоя намекунанд, ҷарима ва аз ҳаққи парвоз ба ИМА маҳрум мешаванд.

Сар аз моҳи март мусофирони даҳ фурудгоҳи кишварҳои мусалмоннишин, ки ба Амрико парвоз мекунанд, аз ҳаққи ба ҳавопаймо ворид кардани дастгоҳҳои электронии калонтар аз ҳаҷми телефони мобилӣ маҳрум шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.