Вазири дифои ИМА Путинро дар вайрон кардани назми ҷаҳон айбдор медонад

Дар суханронии рӯзи 28 июн бахшида ба 70-солагии қабули нақшаи Маршалл – барномаи барқарории Аврупо баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис гуфт, Путин ба ҳудудҳои берун аз қаламрави кишвари худ зиён мерасонад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор доштааст, ки «аммо ин ба Русия кӯмак намекунад, ки шукуфоияшро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар суханронии рӯзи 28 июн бахшида ба 70-солагии қабули нақшаи Маршалл – барномаи барқарории Аврупо баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис гуфт, Путин ба ҳудудҳои берун аз қаламрави кишвари худ зиён мерасонад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор доштааст, ки «аммо ин ба Русия кӯмак намекунад, ки шукуфоияшро баргардонад ва ё ба орзуву умедаш бирасад».

Гуфта мешавад, Мэттис дар Маркази аврупоии таҳқиқи масоили амниятии ба номи Маршалл дар шаҳри Гармиш-Партенкирхеи Олмон суханронӣ кардааст.

Мэттис дар мавриди сардшавии муносибатҳои Москва ва Ғарб гуфтааст, Русия бо ғасби Қрим дар соли 2014 ва дахолати эҳтимолиаш дар интихоботи соли 2016-и Амрико "низоми баъдиҷангӣ ва суботи дунё"-ро ба чолиш кашидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.