Қарздорон аз пули обу барқ ва газ дар Ӯзбекистон ба ҳаҷ роҳ дода намешаванд

Имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Қорӣ Анвар Турсунов аз сокинони ин кишвар даъват кард, ки қарзи худро аз пули обу барқ ва газ сари вақт пардохт кунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки ҳар касе, ки аз ин ҳисоб қарздор аст, наметавонад ба Ҳаҷ биравад. "Агар шахс ҳатто […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Қорӣ Анвар Турсунов аз сокинони ин кишвар даъват кард, ки қарзи худро аз пули обу барқ ва газ сари вақт пардохт кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки ҳар касе, ки аз ин ҳисоб қарздор аст, наметавонад ба Ҳаҷ биравад.

"Агар шахс ҳатто як сӯм ҳам қарздор бошад, Ҳаҷҷи ӯ қабул намешавад. Мо афродеро, ки аз ҳисоби пули обу барқ ва газ қарздоранд, ба ҳавопаймо роҳ нахоҳем дод", – афзуд ӯ.

Турсунов қайд кард, ки инсон барои ҳар қатра оби исрофкардааш дар назди Худованд ҷавоб хоҳад дод. "Дар Ӯзбекистон ҳастанд, нафароне, ки намоз мехонанд, Ҳаҷ мераванд, вале пули барқи истифодакардаи худро намедиҳанд", – изҳор дошт имом-хатиб.

Охири моҳи гузашта президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, то дар назди Додситонии кулли ин кишвар шуъбае таъсис дода шавад, ки пардохти қарзҳо аз пули барқу газро назорат кунад.

Маъракаи мақомоти Ӯзбекистон барои ҷамъоварии қарзи хидматрасониҳои коммуналӣ ва мубориза бо "пайвасткунии худсарона" дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки бино ба гуфтаи онҳо, ин кишвар тайи солҳои ахир бо мушкили норасоии нерӯи барқ рӯбарӯ аст.

Бар пояи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир, қарзи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар Ӯзбекистон аз пули газу барқ наздики 1,25 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бештари ӯзбекистониҳо аз набудани барқу газ шикоят доранд. Баъзеи минтақаҳои ин кишвар дар як шабонарӯз чанд соат барқ гирифта, дар баъзеи дигар газ нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.