Кушта шудани 4 хеши Гулмурод Ҳалимов дар Восеъ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар задухӯрд бо кормандони милитсия, ки шаби 4 июл дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ рух дод, чор хеши наздики собиқ корманди ВКД полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов – ду бародар ва ду ҷияни ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба кормандони милитсия кушта шуданд.

Муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона (УБОП)-и Тоҷикистон Анвар Ҳусейнов бо захми корд аз хешони Ҳалимов дар бемористон бистарӣ шуда, баъди ҷарроҳӣ ба ҳаёташ хатар вуҷуд надорад.

Кормандони милитсия чанде аз хешовандону наздикони Ҳалимовро ба робита доштан бо созмонҳои терористӣ гумонбар медонанд. Тибқи маълумоти онҳо, ҳама куштаву боздошт шудагон ғайриқонунӣ ба Афғонистон гузаштанӣ будаанд.

Қобили зикр аст, ки волидони Гулмурод Ҳалимов зодагони ноҳияи Восеъ буда, имрӯз дар он ҷо хешовандони ӯ зиндагӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки нисбати Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)- ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.